ABNA24 : Дар идомаи ин сенария, вазирони умури хориҷаи кишварҳои " Гурӯҳи 7", рӯзи ҷумъа дар баёнияе, бидуни ироаи мустанадоти лозим, Эронро ба даст доштан дар ҳамла ба киштии Мерсер-стрит муттаҳам карданд.
Саиди Хатибзода, сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба баёнияи вазирони умури хориҷаи кишварҳои “Гурӯҳи 7” ҳадафи ингуна сенариясозиҳои бепояро, ки ғолибан режими саҳюнистӣ дар пушти он қарор дорад, мушаваш(ба ташвиш андохтан) сохтани фазои сиёсии минтақа донист.
Дар ин росто режими Исроил ва ҳомиёнаш иттилооти сохтагӣ дар мавриди ҳаводиси ахир дар обҳои минтақаро ба Шӯрои амният низ бурданд то шояд битавонанд бо саҳнасозӣ, Эронро маҳкӯм кунанд, аммо шикаст хурданд.
3 сол қабл ҳам намояндаи Амрико дар Созмони милал дар як сенарияи мушобеҳ дар ростои сиёсатҳои Эрон ҳаросона, сафирони кишварҳои узви Шӯрои амниятро ба Вашингтон даъват карда буд то он чиро ки ба иддаои вай қатаоти мӯшакҳои мунтақил шуда аз Эрон ба аъзои ҷумбиши Ансоруллоҳи Яман хонда шуда буд, ба онҳо нишон диҳад. Аммо андаке баъд рӯзномаи Ню-Йорк Таймс ба нақл аз мақомҳои вазорати дифои Амрико иддаоҳои матраҳ шуда алайҳи Эронро рад кард.
Такрори ин намоишҳои сиёсӣ зоҳиран "поёне надорад. Нашрияи " Индепендент" дар гузорише ба нақл аз Amos Harel, таҳлилгари рӯзномаи Ҳааретси Исроил навишт, ҷанги дарёиро Исроил оғоз кард на Эрон ва ин Исроил буда, ки дар ду соли гузашта ба нафткашҳое, ки нафти Эронро ба Сурия мебаранд ҳамла мекардааст. Ин ҳамалоти дарёӣ бахше аз як докторинаи шинохта шудаи исроилӣ ба номи «ҷанг байни ҷангҳо»аст, ки дар пайи ҷанг бо Ҳизбуллоҳ дар соли 2006 ба яке аз роҳбурдҳои артиши Исроил бадал шуд.
Ин режим дар воқеъ беш аз ҳафт даҳа бо ҳимоятҳои Амрико ва Англия манбаи аслии таҳдид, бесуботӣ ва ноамнӣ дар минтақа будааст. Акнӯн низ баҳси аслӣ, аҳдофе аст, ки ноамнкунандагони минтақа дунбол мекунанд. Дар ин миён мавзӯе, ки нигаронии саҳюнистҳоро барангехта ба бунбаст расидани Амрико дар идомаи фишори ҳаддиаксарӣ бар Эрон аст. Дар воқеъ барои Амрико роҳе ҷуз тан додан ба риояти ҳуқуқи миллати Эрон боқӣ намондааст. Ба иборати дигар Вашингтон дар муқеъияте нест, ки битавонад бо картаи сӯхтаи таҳрим ва музокироти БарҶом-ӣ, мутолиботи зиёдахоҳонаи худро ба Эрон таҳмил кунад. Бинобари ин агар Исроил бар ин таваҳҳум аст, ки метавонад бо сенариясозиҳои такрорӣ ба даврони тиллоии гузашта боз гардад, қатъан "дучори хатои муҳосиботии бузурге шудааст.
Вебсойти “Нур нюз”, дар таҳлиле дар ин бора менависад; "Исроил «тавону ҷуръат»-и иқдоми низомӣ алайҳи Эронро надорад, «зеро чунин иқдоми ҷунуномезе шароитро барои ҳамлаи ҳамаҷониба ба ин режим ва нобудии ҳамаи зерсохтҳо ва таъсисоти низомӣ ва иқтисодии он дар кӯтоҳтарин замони мумкин» фароҳам хоҳад кард.
Изҳороти сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, дар дидори қоиммақоми дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар рӯзи шанбе ба ҳамин нукта ишора дорад, ки таъкид кард, зарфияти фурӯпошии режими саҳюнистӣ муҳайё буда ва кофист шароит барои иштибоҳи онҳо фароҳам шавад.
Ин сухан, ин паёмро дорад, ки Эрон бо дар ихтиёр доштани бештарин соҳил дар Халиҷи Форс ва дарёи Уммон; сулҳу субот, озодии киштиронӣ ва таъмини амнияти минтақаро як асли ғайриқобили инкор медонад ва ба мутаҷовизон ҳаргиз иҷоза нахоҳад дод, ки амнияту озодии киштирониро дастхуши моҷароҷӯиҳои худ кунанд.
342/